Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” дар ноҳияи Тоҷикобод
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” оғоз гардид.
Иншооти навбунёд дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ - солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони деҳоти “Зарафшон”- и ноҳияи Тоҷикобод, табрику таҳният гуфтанд.
Бинои ҷамоат аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи кории барҳаво ва як маҷлисгоҳ мебошад.
Масоҳати иншоот 141,36 метри мураббаъро ташкил дода, бо харҷи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст.
Ҳуҷраҳои кории бино бо мизу курсӣ, ҷевон, компютер ва дигар ҷиҳози зурурӣ барои пешбурди фаъолият ва расонидани хизмати баландсифат ба аҳолӣ муҷаҳаз мебошанд.
Дар дохил ва беруни бино унсурҳои меъмории миллӣ ва сохтмонии муосир истифода шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ба истифода дода шуд.
Саҳни биноро гулҳои мавсимӣ ва сабзкорӣ зебу зиннат мебахшад.
Аҳолии Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” наздики 6300 нафарро ташкил дода, дар ҳудуди он 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи ибтидоӣ фаъолият мекунад.
Дар деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод панҷ деҳа - Зафаробод, Шинг, Гулистон, Шаҳристон ва Сафедорон мавҷуд аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав кормандони деҳоти мазкурро вазифадор намуданд, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ба мардум софдилона ва баландсифату саривақт хизмат расонанд.