ҲАМОИШ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Posted Mon, 08/26/2024 - 19:43
By shahnavoz

26-уми августи соли равон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии "Садо ва Симо"-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода, раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавии  шаҳри Душанбе  Абдураҳим Шоҳиён, сарнозири ҳифзи меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Исмоил Шарифов, раиси Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи кормандони Кумита Дўстмурод Файзализода, муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҳизбии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фирўз Каримзода ва аъзои ҲХДТ иштирок доштанд.

Ҷаласаро муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо муқаддастарин иди давлатамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябр 33-солагии он ҷашн гирифта мешавад самимона табрику таҳният гуфт. Мавсуф таъкид намуд, ки имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Ҳар сокини ноҳия бо дарки амиқ эҳсос менамояд, ки Истиқлолият ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.

Сипас, раиси Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавии  шаҳри Душанбе  Абдураҳим Шоҳиён оид ба аҳаммияти Истиқлолияти давлатӣ ва рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки изби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Роҳбари муаззами он буда, маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии Сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҷавҳари ҳизб аз орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик, арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ сиришта шудааст. Консепсияи идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз асарҳо, паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ (зиёда аз ду даҳсола), суханрониҳои Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар маншаъ гирифта, барномаҳои ҳизб фарогири ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ буда, тули фаъолият таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум шиори барномавии ҳизб маҳсуб мешавад.

Дар идома сарнозири ҳифзи меҳнати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Исмоил Шарифов дар бораи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар замони соҳибистиқлолӣ маъруза карда, таъкид намуд, ки имрӯзҳо дар баъзе  мамолики  ҷаҳон равандҳои номатлубе дида  мешаванд,  ки ба поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон алоқаманд мебошанд. Риоя нашудани қонуният аз ҷониби ин давлатҳо хатарҳои парокандагиву тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст. Хушбахтона, дар Конститутсияи мо арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ эълон гардидааст, зеро маҳаки фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ нишонаи сифати ҳуқуқии санадҳои меъёрии онҳо эътироф мешавад.

Дар идома ба 5 нафар корманди фаъоли Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар фазои тантанавӣ дафтарчаи ҳизбӣ барои қабул гардидан ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии "Садо ва Симо"-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ин санаҳои фархунда ба як қатор кормандони фаъол сипосномаҳо ва таҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. 

Кумитаи иҷроияи ҳизбии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон