Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Posted Mon, 05/27/2024 - 11:42
By shahnavoz

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Дар робита ба 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ ба Шумо табрикоти самимии инҷонибро арз менамоям. 

Ин санади бунёдӣ асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои кишварҳои моро дар шароити нави давлатдорӣ таҳким бахшида, заминаи мусоиди рушди ҳамкориро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн фароҳам овард.

Бовар дорам, ки татбиқи амалии муқаррароти Аҳднома дар оянда низ барои пешбурди босамари ин раванд бар асоси усулҳои созандагӣ, равобити дӯстона, ҳамсоягии нек, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ хизмат хоҳад кард.     

Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишвар ва талошҳои муштараки минбаъда ҷиҳати   густариши бомароми робитаҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо таъкид менамоям. 

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Садир Нургожоевич, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Қирғизистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти маро ба муносибати санаи ҷашнии 20-солагии ба имзо расидани Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Итминони комил дорам, ки таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, эътимод, ризоият ва баробарҳуқуқӣ заминаи зарурӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба ташкил дода, ҷавобгӯи манфиатҳои умумии мардумони мо мебошад.

Бовар дорам, ки мо дар такя ба натиҷаҳои мавҷуда ва бо талошҳои муштарак метавонем таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии мардумони Қирғизистону Тоҷикистонро таъмин намоем.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ хоҳонам».