Ифтитоҳи Кӯдакистон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
9 апрел дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассиса ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд шудааст.
Муассисаи таълимии томактабии “Мусаффо” аз 2 ошёна иборат буда, барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар муассисаи замонавӣ 30 нафар мураббӣ дар 6 гурӯҳ бо таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғуланд.
Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистони “Мусаффо” аз моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, дар он беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Иншоот дар муҳлати 9 моҳ бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ сохта шудааст.
Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.
Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори минадорӣ намуданд.
Дар саҳни муассиса айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардида, чароғҳои замонавии равшанидиҳанда ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонавӣ ҳусни дигар мебахшад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамомада, дастур доданд, ки масъулон бояд дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.
Дар деҳаи Мусаффои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони “Мусаффо” бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти хониш ҷиҳозонида шудааст.
Шодиву нишоти дуструякони кудакистон ҳаду канор надошт чун онҳо шахсан аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфа гирифтанд.
Акнун сокинони деҳаи Мусаффо имкон доранд фарзандони худро дар беҳтарин шароит бо таълиму тарбия фаро гиранд.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ҳамзамон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 1300 метр роҳи дохили деҳа мумфарш гардидааст.