Гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия

Posted Tue, 11/21/2023 - 15:28
By shahnavoz

21 ноябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар макони “Александровский сад” қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд.

Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Русияро пос доштанд. Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.

Баъд аз анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ қаровули фахрӣ бо қадамзании мутантан аз назди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони маросими гулчанбаргузорӣ гузашт.

Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия ҳамроҳӣ намуданд.