Ифтитоҳи кӯдакистони «Дӯстӣ» дар шаҳри Истиқлол 30.03.2023

Posted Fri, 03/31/2023 - 10:17
By shahnavoz

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кӯдакистони “Дӯстӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавии муассисаи томактабӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Кӯдакистон дорои 6 синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, нуқтаҳои дастшӯӣ, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандон, нуқтаи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар муассисаи томактабии “Дӯстӣ” дар шаҳри Истиқлол 25 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла мураббияҳо бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раванди таълим дар боғчаи кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулият бо аёниятҳои таълимӣ, инчунин телевизор ва дигар воситаҳои фароғатӣ барои тарбиятгирандагон таъмин мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки оянда омӯзиши забони хитоӣ низ дар кӯдакистон ба роҳ монда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дӯстрӯякон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла ширинию бозичаҳои гуногун тақдим намуданд.