Ба истифода додани муассисаи томактабии Хуршеди Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:18
By shahnavoz

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии Хуршеди Истиқлолро ба истифода доданд. Муассисаи нави томактабӣ дар масоҳати 1300 метри мураббаъ бунёд гардида, барои 600 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Кӯдакистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Раҷабзода дар заминаи дастгирӣ аз иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардидааст.

Кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дорои 36 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳамаи утоқҳои муассиса бо шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардида, мутобиқ ба талаботи имрӯза ҷиҳозонида шудаанд.

Таълим дар кӯдакистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон мураббияҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ, дар ин муассиса беш аз 90 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Бинои муассисаи томактабӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, техникӣ ва воситаҳои зарурии бехатарӣ таъмин буда, роҳравҳои дохилии он бо тасвирҳои қаҳрамонони афсонаҳо оро дода шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида барои таълиму тарбияи кӯдакон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Дар кӯдакистон бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва тарзи ҳаёти солим толорҳои мусиқӣ ва варзишӣ таъсис дода шудаанд. Муассиса ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, онҳоро даъват намуданд, ки барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз шароити фароҳамгардида самаранок истифода намуда, тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.

Дар саҳни кӯдакистон 18 айвонча мутобиқ ба талаботи муосир барои баргузории машғулиятҳо сохта шуда, майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва гӯшаи табиати зинда ташкил гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбия дар кӯдакистон ба таъсисдиҳандагони муассиса барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, амалисозии чунин иқдомҳои наҷибро омили муҳим дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод карданд.