ЗАФАР НОЗИМ
Зафар Нозим 2 июни соли 1940 дар деҳаи Ҳоити водии Рашт ба дунё омадааст. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни XX ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳ шуҳрати зиёде ба даст овард.
Ансамбли фолклории «Ганҷина» соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис шуда, роҳбари аввалинаш Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим буд, ансамбли мазкур алҳол ба пуррагӣ фаъолият дошта, санъати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён тарғиб намуда истодааст. Зафар Нозимро яке аз шаҳсутунҳои кохи муҳташами санъати миллии мардуми тоҷик унвон мекунанд.
Эҷодиёти ӯ хеле доманадор буда, сурудҳои халқӣ, лирикии ишқӣ, панду ахлоқӣ, инчунин сурудҳои дигар халқҳои ҷаҳон (афғонӣ, эронӣ, ҳиндӣ, русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Муаллифи зиёда аз 100 суруд (ба ашъори классикони адабиёти гузашта ва муосир): «Эй сорбон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», «Модар», «Соҳибдилон», «Эй, дӯстон», «Васфи Тоҷикистон» ва ғайра.
Зафар Нозим 3 августи соли 2010 бар асари як бемории тӯлонӣ дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе ҷаҳонро падруд гуфт.
