Либоси милли нишон аз фарҳанги миллии мост
Либоси миллии тоҷикӣ ба ҳусни зебои духтарони тоҷик ҳусни дигаре зам мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд. Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки яке аз либосҳои милли тоҷиконаи мо гулдӯзиичакан дар созмони ЮНЕСКО ворид карда шуд. Чакан ва чакандӯзӣ ҳунари мардуми ҷануби Тоҷикистон буда, фалсафаи либос ва ашёҳои дигари рӯзгор истифода мешавад. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд.
Занони тоҷикро зарур аст, кибо мафтуни серу ҷазобияти атласу адрас, гулбасти чакани Хатлон ва гулдӯзиҳои нотакрори минтақаҳои худро, ки рангҳои пурҷилои он дар кишвар муаррифӣ гардидааст, истифода баранд.