Изҳороти матбуотӣ аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Posted Fri, 04/19/2024 - 09:02
By shahnavoz

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Дӯстони азиз,

Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат  мехоҳам.

Мо ин сафари давлатии Шуморо ба Тоҷикистон, Шавкат Миромонович,  дар таърихи муносибатҳои ду кишвар рӯйдоди муҳим медонем.

Натиҷаҳои онро ҳамчун дастоварди арзишманд дар пешбурди раванди шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо арзёбӣ менамоем. 

Музокироти имрӯзаи мо чун анъана дар фазои созанда ва боэътимод баргузор гардиданд.

Мо бори дигар азми қатъии ду ҷонибро ба хотири таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек миёни давлатҳо ва мардумони бародарамон таъкид намудем.

Ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳи муфассал зоҳир карда, масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор додем.

Аз рӯйи натиҷаи музокирот мо як силсила санадҳои навро, ки заминаи ҳуқуқии самтҳои гуногуни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи моро ба таври назаррас таҳким мебахшанд, ба имзо расонидем.

Дар ин зимн мехоҳам моҳияти таърихии Аҳднома оид ба ҳампаймониро, ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад, бахусус таъкид намоям.

Бовар дорам, ки Аҳднома ба истифодаи боз ҳам васеи зарфияти ҳамкориҳои мо мусоидат хоҳад кард.

Ин санад, ҳамчунин, омили муҳимми таҳкими сулҳу субот дар минтақаи мо - Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.

Мо таъкид кардем, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини муносибатҳои дуҷонибаи мо боқӣ мемонанд.

Маҷмӯи масъалаҳоеро, ки ба тавсеаи босифати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ равона гардидаанд, баррасӣ намуда, дар ин замина қарорҳои дахлдор қабул кардем.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҳафт соли охир гардиши мол миёни кишварҳои мо тақрибан чил баробар афзуда, сол ба сол вусъати тоза меёбад.

Солҳои охир ҳаҷми ҷалби мутақобилаи сармоя, ҳамчунин, шумораи корхонаҳои муштарак тамоюли афзоиш пайдо кардаанд.

Ҳоло дар қаламрави ду кишвар қариб 400 корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон фаъолият менамоянд.

Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои то имрӯз дар ин самт бадастомада ҳадди ниҳоӣ нестанд.

Мо ба хулоса омадем, ки сармоягузорӣ ва ҳамкориҳо дар бахши саноат бояд самтҳои калидии рушди босамари минбаъдаи робитаҳои иқтисодии мо гарданд.

Дар ин робита фаъолияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистонро густариш хоҳем бахшид.

Итминон дорем, ки ин васила ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои мушаххас мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷумла, ин лоиҳаҳо метавонанд соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, аз ҷумла истеҳсоли автомашина ва қисмҳои он, доруворӣ ва коркарди маҳсулоти аграриро дар бар гиранд.

Мо, ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мушаххасро дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ ва ихтироот, тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои муосири саноатӣ  баррасӣ кардем.

Масъалаҳои вобаста ба ташаккул додани шароити мусоид барои дастгирии доираҳои соҳибкорӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор доштанд.

Мо ҳамкориҳоямонро дар соҳаи кишоварзӣ муҳокима намудем.

Аз оғози татбиқи муваффақонаи як силсила лоиҳаҳо, аз ҷумла «Боғи дӯстӣ» дар шаҳри Ҳисор ва  Маркази хизматрасонии кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шудем. Ҳамчунин, зарурати босуръат идома додани корро ҷиҳати  таъсиси маҷмааҳои муштараки кишоварзӣ таъкид кардем.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо мо аҳаммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳоямонро дар соҳаи энергетика зикр намудем.

Татбиқи лоиҳаи намунавии муштарак оид ба сохтмони ду нерӯгоҳ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон мавриди таваҷҷуҳи хоси мо қарор дошт.  

Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани кори ҳамзамони низоми энергетикии Тоҷикистон ва Низоми муттаҳиди энергетикии Осиёи Марказӣ муҳокима шуданд.   

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамбастагии нақлиётии ду кишвар ҷойгоҳи хос доштанд.

Боиси хушҳолист, ки  ба туфайли саъю талошҳои муштарак айни ҳол миёни ду кишвар интиқоли озоди нақлиётиву транзитии молу маҳсулот ва рафтуомади шаҳрвандон таъмин гардида, дар ин самт ягон маҳдудият вуҷуд надорад.    

Ба Ҳукуматҳо супориш додем, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар ва зиёд кардани шумораи парвозҳоро миёни пойтахтҳо дида бароянд.  

Мо аз таҳкими ҳамкориҳои байни минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардем.

Имрӯз ба мақсади ҳавасмандгардонии тамосҳои бештар дар ин самт санадҳои нави байниминтақавӣ ба имзо расонида шуданд.

Дар музокирот ба масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Дар доираи сафари давлатии Шавкат Миромонович имрӯзҳо дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Узбекистон ва як силсила чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва илмиву амалӣ баргузор гардида истодаанд.

Ин чорабиниҳо намунаи воқеии дӯстӣ ва наздикии мардумони ба ҳам бародари моро ба намоиш гузоштанд.

Чанд лаҳза пеш, барои саҳми арзанда дар рушду таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон мо намояндагони аҳли ҳунар ва зиёиёни кишварҳои ҳамдигарро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидем.

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният низ яке аз мавзӯъҳои меҳварии музокироти моро ташкил доданд.

Мо, инчунин, оид ба идомаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мувофиқа расидем.

Дар фарҷом қаноатмандии амиқи худро аз музокироти имрӯза иброз намуда, бо камоли сарфарозӣ риштаи суханро ба Шавкат Миромоновичи азиз медиҳам.

Марҳамат.

*****

Ташаккур, Шавкат Миромоновичи муҳтарам.

Ба Шумо барои даъват ҷиҳати боздид аз сарзамини Узбекистони бародар арзи сипос менамоям. Ман аз ин даъват бо мамнуният истифода хоҳам кард.

Аз ҳамаи Шумо, ҳозирини гиромӣ, барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам.