Ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио бо Ҷумҳурии Исломии Эрон рушд меёбанд
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид.
Нахуст раиси Кумита Саид Нуриддин Саид доир ба фаъолияти телевизиону радиоҳои Тоҷикистон мухтасар маълумот дода, таъкид дошт, ки имрӯз муносибатҳои ҳасанаи ҳарду ҷониб, ки бо шарофати талошҳои роҳбарияти олии давлатҳоямон фароҳам омадааст, заминаву имконоти васеъи рушду равнақи ҳамкориҳои соҳавиро ба вуҷуд овардааст. Зикр шуд, ки ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандон, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ, тайёр кардани мутахассисони эҷодию техникӣ ҳамкории самарабахш намоянд.
Дар навбати худ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён омодагии кишварашро дар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио таъйид намуда, изҳор дошт, ки баҳри татбиқи ин ҳадафҳо талош хоҳад кард.
Ҷойи таъкид аст, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радио 8-уми ноябри соли 2023 дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон дар баробари дигар санадҳои муҳим дар соҳаҳои мухталиф Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки он барои тавсеаи ҳамкориҳои байни ду кишвари дӯсту ҳамзабон имкониятҳои фарохро фароҳам овардааст.
Ҷонибҳо омодагии амиқи худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, татбиқи бандҳои Ёддошти тафоҳум баён доштанд.
Вохўрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.