Иштирок дар ҷашни Тиргон, иди зардолу ва асал дар шаҳри Хуҷанд

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:21
By shahnavoz

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

Пешниҳоди дастранҷи кишоварзон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, анвои зиёди маҳсулоти нонӣ, раванди омодакунии маҳсулоти гуногун аз зардолу ва намоишҳои фолклорӣ чорабиниро ба базмгоҳи ҳақиқии фараҳу хушҳолӣ ва шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватану фаровонии ҳосили зироати кишоварзӣ табдил дода буд.

Дар гӯшаҳои намоишгоҳ полезӣ, зардолу, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод карда шуд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар истифодаи самараноки замин, истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва такмили таҷрибаи заминистифодабарӣ дар олам нақши муҳим гузоштааст. Ҷашнҳои чоргонаи кишоварзӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мисоли таҷрибаи омӯзандаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва шуҳрат доштан дар истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ мебошад.

Тиргон ҷашни тобистонаи миллати тоҷик буда, таъмини зироат бо об, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кӯмак кардан ба якдигар, заминагузорӣ барои ҳосили навбатӣ ва баланд бардоштани самаранокии замин маҳаки асосии он мебошад.

Хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни зардолуро мутобиқи анъанаҳои миллӣ, расму оин ва хусусиятҳои хоси зардолупарварӣ дар шакли тару хушк намоиш доданд.