Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86 дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов бинои нави таълимии №86-ро, ки барои 720 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур яке аз бандҳои нақшаи тарҳрезишуда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шумор рафта, дар 40 садяк замин доман густурдааст. Бинои тозабунёд аз як ошёна ва 12 синфхонаи таълимӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи деҳа бунёд шудааст.
Дар назди муассиса барои гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбӣ майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст. Дар маҷмуъ, масоҳати умумии иншооти бунёдгардида 1100 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дар муассиса озмоишгоҳу синфхонаҳои фаннӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Барои бемушкилӣ гузаронидани фасли сармо дар муассиса хати барқи алоҳида насб гардида, бино ҳамчунин бо шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад. Саҳн ва атрофи мактаб сафолакпӯшу сабзкорӣ шуда, қомат афрохтани он намои деҳаро шукуҳи тоза бахшидааст. Қобил ба зикр аст, ки корҳои бунёдӣ дар муассисаи мазкур моҳи марти соли 2024 оғоз гардида, онро бинокорони маҳаллӣ бунёд кардаанд ва тамоми маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба соҳибкорон ва аҳолии деҳаи Навобод барои чунин ҳиммати ҷавонмардона изҳори миннатдорӣ намуда, иқдоми мазкурро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин хонданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари бунёди муассиса, ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии деҳа роҳҳои ҳудуди маҳалла дар масоҳати 4000 метри мураббаъ асфалтпӯш ва дар масофаи 4 километр чароғон карда шудааст, ки аз деҳаи Навобод то деҳаи Булёни Боло тӯл мекашад.
Қобил ба зикр аст, ки дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара 184 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд. Аз соли 1965 то ин дам набудани мактаб боис ба он мегардид, ки кӯдакони деҳа барои таҳсил 3 километр роҳро тай намуда, ба ҳамсоядеҳа - Булёни Боло раванд. Набудани роҳи ҳамвору ба талабот ҷавобгӯ низ боиси нигаронии сокинон гардида буд.
Акнун баъди ифтитоҳи мактаби нав ва муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти хониш, мушкилоти чандинсолаи бошандагони деҳаи Навобод бартараф шуд. Аҳли маорифи ноҳияи Данғара ба Сарвару роҳнамои худ ҷиҳати дастгирии ҳамешагии кормандони илму маориф ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки омӯзгоронро зарур аст дар таълиму тарбияи фарзандони мардум ва дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба камол расонидани онҳо саҳми муносиб гузоранд. Зеро Тоҷикистон давлати ҷавон аст ва ба кадрҳои соҳибтахассус ниёз дорад.