ФАРМОНИ     ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Posted Mon, 06/15/2026 - 10:40
By shahnavoz

 

                                                                             ФАРМОНИ
                                                   ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                       Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти
                                       Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам:
1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад.
2. Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 июни соли 2026
№1184