Дар Душанбе конфронси байналмилалии парламентӣ баргузор мегардад
11 октябр дар Душанбе бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии парламентӣ баргузор мегардад.
Конфронс бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти парламентҳои беш аз 11 давлати ҷаҳон доир мешавад.
Тибқи барнома, кори конфронс дар 4 бахш дар толорҳои гуногуни бинои нави Парлумони Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Дар бахшҳо мавзуъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», Конститутсия-заминаи асосии рушди босуботи давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсия ва ҷавонон» баррасӣ карда мешаванд.