Ҷаласаи ҳизбии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шаҳнавоз"-и Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз"
Санаи 19- уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” бо иштироки Муовини раиси Кумитаи иҷроия ибтидоии ҳизбии “Садо ва симо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Нозим, директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз”Бахтовари Сайфулло, шоири маҳбубу ватансарои кишвар Ворис ва ҳайати эҷодию техникии муассиса ҷаласаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳнавоз” баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа директори муассиса Бахтовари Сайфулло дар мавзӯи “Истиқлолият ва эҳтироми арзишҳои миллӣ” суханронӣ намуда изҳор намуданд,ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси муаззами ҳизбамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо менамоянд,ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст.
Душанбе пойтахти Тоҷикистон ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ин ҳама дастоварду музаффариятҳо моро водор менамояд,ки зери як шиор ва як парчам муттаҳид бошем, сиёсатӣ пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пуштибонӣ намоем,ба сарвари миллатамон содиқ бошем ва ба ҳадафҳои аз ин ҳам бузург ноил бигардем”
Дар идомаи ҷаласа Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва симо” Сафаралӣ Нозим оид ба “Мактаби далатдорӣ ва сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” суханронӣ намуда дарҷ намуданд,ки мардуми шарафманди моро зарур аст ба қадри сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии кишвари азизамон бирасанд,зеро ин оромию субот бо талошҳо ва ҷонисориҳои Пешвои миллатамон ба даст омадааст ва ҷавононро зарур аст,ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасанд,танҳо Истиқлолият ва ҳамбастагӣ метавонад моро ба рӯзгори аз ин ҳам ободу осоишта бирасонад.
Ҳамзамон дар ҷаласаи ҳизбӣ шоири маҳбуб ва ватансарои кишвар Ворис изҳори андеша намуда шеърҳои пурмуҳтавои худро дар васфу ситоиши Ватан замзама намуданд.