Ба истифода додани хатти оби нӯшокии иловагии шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати маркази ноҳияи Лахш хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути қубури қутраш 160 миллиметра аз масофаи 18 километр ба ду обанбор, ки ғунҷоиши ҳар кадоми онҳо 250 метри мукаабро ташкил медиҳад, интиқол меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи хатти оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, барои саривақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он беш аз 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо техникаҳои соҳавӣ ҷалб шуда буд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан сокинони маркази ноҳияи Лахш аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд ва акнун дар партави сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ин мушкилии мардум бартараф шуд.
Дар доираи амалишавии лоиҳаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ шафати кӯчаҳо, дохили биноҳои истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии ҳудуди ноҳияи Лахш бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳои бетаъхир андешанд ва дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба истифодаи босамари об дар байни сокинон низ анҷом диҳанд.
Татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар шаҳодати ин аст, ки сол то сол масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад.
Таъмини сокинони маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар мебошад.