Ифтитоҳи корхонаи дару тирезаҳои ҶДММ Тамдид дар шаҳри Душанбе

Posted Fri, 10/30/2026 - 14:35
By shahnavoz

30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тамдид дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши иқтидори саноатии кишвар, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва таъсиси ҷойҳои корӣ бунёд гардидааст.

Дар корхона таҷҳизоти муосир барои истеҳсол ва васлу насби дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ аз Италия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст.

Корхона дорои чор хатти худкори истеҳсолӣ  буда, иқтидори он дар як баст то 100 маҳсулотро ташкил медиҳад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, деворҳои шишагии калонҳаҷм, системаҳои фасадӣ, дарҳои даромадгоҳӣ ва дигар намуди маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мешавад. Ҳамчунин, маҳсулот мутобиқи андоза ва талаботи фармоишгар омода гардида, васлу насби он низ аз ҷониби мутахассисони корхона анҷом дода мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 35 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Дар раванди истеҳсолот ба риояи талаботи технологӣ ва назорати сифати маҳсулот дар ҳамаи марҳилаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Таъкид шуд, ки фаъолияти корхона ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва фароҳам овардани замина барои рушди минбаъдаи содирот мусоидат хоҳад кард.

Ифтитоҳи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахти кишвар дар самти рушди саноат, густариши фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои корӣ иқдоми муҳим арзёбӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа ташкили коргоҳи муосири коркарди шиша низ пешбинӣ гардидааст.

Иқтидори истеҳсолии марҳилаи дуюм дар як сол 36 ҳазор дона шишаро ташкил дода, 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

Коргоҳи нав бо хатҳои муосири автоматикунонидашудаи истеҳсолӣ, ки аз Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд, муҷаҳҳаз гардида, коркарди шиша, буридан, сӯрохкунӣ, суфтакунии канорҳо, инчунин герметиккунонии шишапакетҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус ба роҳ монда мешавад.

Сатҳи худкорсозии равандҳои истеҳсолӣ дар ин марҳила 80 фоизро ташкил дода, имконият медиҳад, ки шиша бо андозаи то 6 ба 3 метр ва ғафсии то 60 миллиметр тавлид карда шавад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа дар муҳлати якуним сол амалӣ гардида, дар доираи он коргоҳи муосири коркарди шиша бо таҷҳизоти пешрафтаи истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа имкон медиҳад, ки дар корхона на танҳо истеҳсоли дару тирезаҳои тайёр, балки коркарди шиша низ ба роҳ монда шавад. Ин раванд ба васеъ гардидани номгӯйи маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ мусоидат  менамояд.