ТИРГОН — ҶАШНИ РАСИШИ ГАНДУМ ВА ОБ.

Posted Fri, 06/23/2023 - 16:30
By shahnavoz

Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст. Моҳи Тир (тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи деҳқонон оғоз мешавад.