Сафари давлатии Президенти Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Wed, 05/10/2023 - 13:27
By shahnavoz

10 май Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедовро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Туркманистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.