Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:19
By shahnavoz

8 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд.

Бояд гуфт, ки моҳичаҳо зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошад, ки дар ҳавзҳои ҳоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариш карда шудааст. Тадбири мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардид.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Айнӣ ва дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакент фаъолият мекунанд, ки дар онҳо асосан, моҳии зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед”, “зағорамоҳӣ”, “гулмоҳӣ” “тосмоҳӣ” ва чанд намуди дигар парвариш карда мешавад.

Аз рӯи маълумоти масъулон моҳиҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” вобаста ба шароити обу иқлим ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 500 грамм вазн мегиранд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 430,70 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 121 тонна зиёд мебошад.

Соли 2022 ба обанбори Баҳри тоҷик ва дарёи Сир як миллиону 600 дона моҳича сар дода шудааст. Имсол бошад, тибқи нақша марҳила ба марҳила 4 миллион дода моҳича сар дода мешавад. Ҳадаф аз сар додани моҳичаҳо ба обанбор ва дарёҳҳо афзун намудани шумораи моҳиҳо ва рушди соҳаи моҳипарварӣ дар мамлакат мебошад.