Оғози сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол ва гузоштани санги асоси марҳилаи дуюми Корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис 30.03.2023
30 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол идома ёфт.
Дар шаҳри Истиқлол Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар Минтақаи саноатии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин бо гузоштани санги асос ба бунёди марҳалаи дуюми Корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис оғоз бахшиданд.
Корхонаи саноатӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” сохта мешавад.
Муҳлати бунёди корхона то охири соли 2024 пешбинӣ гардидааст.