Муаррифии Тоҷикони аллома Бобоҷон Ғафуров дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Санаи 6 уми июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии Телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” бо иштироки омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмудзода Давлатшоҳ дар мавзӯи “Муаррифии Тоҷикони аълома Бобоҷон Ғафуров дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” ҷаласа баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” Бахтовари Сайфулло суханрони намуда оид ба ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат, ки дар самти худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонону наврасони кишвар махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ муҳим мебошад изҳори андеша карданд. Ҳамзамон зикр карда шуд,ки омилҳои асосии шомил гардидани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби террористию экстремистӣ аз надонистани таърихи пуршарафи миллату сарзамини худ мебошад.Ҷавонони мо бояд гузаштаи худро донанд,имрӯзи худро обод созанд ва ба ояндаи дурахшони ватану миллат назари нек дошта бошанд.
Таърихшинос Маҳмудзода Давлатшоҳ дар суханронии худ аз заҳматҳои шоёни қаҳрамонони миллати тоҷик, ки баҳри бақои давлату миллати мо талошҳои ҷавонмардона намудаанд ёдоварӣ намуда ин иқдоми шоёни давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти бедории хотираи таърихӣ ва эҳтироми чеҳраҳои мондагори миллатамон иқдоми шоиста арзёбӣ карданд.
Минбаъд низ тибқи нақша, таърихшиносон вобаста ба моҳият ва зарурати китоби “Тоҷикон”-и аълома Бобоҷон Ғафуров дар ҷаласаҳои муассиса иштирок намуда бандҳои муҳими китоби мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд