Ифтитоҳи хонаҳои истиқоматии хизматии кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Истиқлол 30.03.2023

Posted Fri, 03/31/2023 - 10:02
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии хизматии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлолро пас аз таъмиру тармим ва анҷоми корҳои навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар он барои зисту зиндагии кормандони мақомоти милитсия тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, тамоми хонаҳо бо лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор, қолину дигар ашёҳо муҷаҳҳаз буда, хонаҳо пурра аз таъмир бароварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба як ҷуфт навхонадорон, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудаву ятими кулланд, калиди хонаи истиқоматиро ҳадя намуданд. Барои чунин таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ оилаи ҷавон ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннадорӣ карданд.

Президенти мамлакат ҳамчунин бо шароитҳои бинои истиқоматӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дорои 55 хона буда, аз ин 40 хонаи истиқоматӣ 2-ҳуҷрагӣ ва 10 хонаи дигар 1-ҳуҷрагӣ мебошад. Ин ҳадяи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ниҳоди мазкурро, ки дар шаҳри Истиқлол кору фаъолият мекунанд, хушҳол намуд.