Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:17
By shahnavoz

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” оғоз бахшиданд.

Бинои Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар таҳхонаи он 2 толори муосири варзишии табобатӣ, бойгонӣ ва ҷойи нигоҳдории ашёи мулоим ташкил карда шудааст. Ошёнаи якуми бино дорои 2 ошхона барои то 150 нафар, бахши табиатшифоӣ, ҳуҷраи кормандони тиб барои муоина ва дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, истироҳатӣ ҷойгир карда шудаанд.