Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ барои таъмини 18 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол 30.03.2023
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол хати оби нӯшокиро барои 18 ҳазор аҳолии шаҳр ба истифода супориданд.
Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, тавассути қубури қутраш 325 миллиметра аз масофаи 7,2 километр ҷорӣ мегардад. Иншооти мазкур дар раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи хати оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад. Оби нӯшокӣ бо қубури асосӣ дар ҳаҷми 110 метри мукааб об дар як соат ба обанбори “Офтобак”-и шаҳр, интиқол дода мешавад.