Боздид аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
