«ҶИЛОИ РАНГҲО». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мешавад
Моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон Фестивал-намоиши либосҳои миллии «Ҷилои рангҳо» баргузор мешавад. Фестивал-намоиш бо мақсади иҷрои баниди 9-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, доир мегардад.
