Ифтитоҳи сардхона дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод
Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд.
Сардхонаи замонавӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирӣ ва маблағгузории ҶДММ «Заркорон» мавриди истифода дода шуд. Мақсад аз фаъол сохтани сардхона нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда дар хоҷагиҳои ҷамъият ва аҳолӣ буда, он дар муддати кӯтоҳ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.