Ифтитоҳи корхонаи бандубасти меваи хушки ҶДММ “Неруи Канд” дар шаҳри Конибодом
10 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Неруи Канд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар доираи татбиқи “Солҳои рушди саноат” ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Наврӯз Юсуфов дар масоҳати 40 садяк замин бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар корхона моҳи декбари соли 2023 оғоз гардида, бо ҷалби 20 коргар аз сокинони маҳаллӣ дар муддати 9 моҳ бо сифати баланд анҷом ёфтааст.