Боздид аз ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон”-и шаҳри Турсунзода
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар деҳоти Турсун Тӯйчиев ҷойгир аст ва он соли 2018 аз ҷониби оилаи Мадраҳимовҳо таъсис дода шудааст. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст.
