Ба истифода додани Коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Коллеҷи тиббии ғайридавлатиро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Коллеҷи тиббӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Абдулло Ҳасанов бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 0,50 гектарро дар бар мегирад.
Бинои Коллеҷ аз се ошëна ва 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ду толор барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорону дигар иншооти ëрирасон иборат мебошад. Синфхонаи компютерии коллеҷ бо 20 компютер ва дастгоҳҳои зарурии муосир таъмин аст.
Коллеҷ барои ба таълим фаро гирифтани 330 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ дар ноҳияи Ховалинг 40 нафар, аз ҷумла 28 нафар бо маълумоти олии тиббӣ ва 12 нафар бо маълумоти олии омӯзгорӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки то ба имрӯз дар ин муассисаи таълимии навбунëд 150 нафар довталаб аз ноҳияи Ховалинг ва дигар ноҳияҳои атроф ба қайд гирифта шудааст.
Дар Коллеҷ аз рӯи 4 ихтисос, аз қабили кори ҳамширагӣ, момодоягӣ, фарматсевтӣ ва дандонпизишкӣ таълим дода мешавад. Бинои Коллеҷи тиббӣ ба таври замонавӣ ва бо риояи талаботи меъмории миллӣ бунëд шудааст, ки дар зебоии маркази ноҳияи Ховалинг замина мегузорад. Дар шафати бинои асосии Коллеҷи тиббӣ дар масоҳати 300 метри мурабаъ сохтмони хобгоҳ бо маром идома дорад.
Тибқи лоиҳа бинои хобгоҳ аз се ошëна иборат буда, барои истиқомати 110 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳоло сохтмони таҳкурсии иншоот ба анҷом расонида шуда, сохтмончиёни маҳаллӣ ба корҳои хиштчинӣ дар ошëнаҳо машғул мебошанд. Тибқи иттилоъ хобгоҳ то моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунëди чунин муассисаи замонавии таълимӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ миннатдорӣ баëн дошта, аз омӯзгорону дигар кормандони Коллеҷ истифодаи самараноки шароити мавҷударо талаб намуданд.
16.07.2022