Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

Posted Mon, 11/11/2024 - 09:16
By shahnavoz

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Левакант, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомиро натиҷагирӣ намуда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳо баҳри истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифаҳои нав гузоштанд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 6 ҳазору 260 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора, аллакай, беш аз 3,5 ҳазор иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмону барқарорсозии 118 иншооти ҷашнӣ ба анҷом расидааст, ки 58 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки корро баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалисозии ҳадафҳои стратегии рушд, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъмини аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул боз ҳам вусъат бахшанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он барои солҳои 2021 - 2025 роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки камбудиву норасоиҳои мавҷударо бартараф карда, якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ иҷрои пурра ва саривақтии онҳоро таъмин намоянд.

Тавре таъкид гардид, дар вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ 83 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 12 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи боз 46 лоиҳа бо арзиши умумии 12,8 миллиард сомонӣ идома доранд.

Лоиҳаҳои зикршуда ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноату энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва пешгирии ҳодисаҳои фавқулода равона карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ барои амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои буҷети давлатӣ беш аз 3,4 миллиард сомонӣ сарф карда шудааст.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ вусъат бахшанд.

Гуфта шуд, ки дар 9 моҳи соли 2024 дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо 102,4 фоиз таъмин шудааст. То ҳол бақияи қарзи андоз дар вилоят зиёд буда, ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ 171 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз барои сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулиҳо ва роҳ надодан ба афзоиши онҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.

 

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имконияту иқтидорҳои вилоят барои тараққӣ додани он, махсусан, саноати коркард ниҳоят зиёданд.

Барои пурра ва самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷуда Президенти кишвар ташаббускориву навоварии роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои соҳавӣ ва ҳамкории судманди онҳоро бо бахши хусусӣ зарур шумурданд.

Пешвои миллат дар робита ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба масъалаҳои омодагии ҳамаҷонибаи хатҳои интиқоли барқ ва истгоҳҳои барқӣ барои фаъолият дар давраи тирамоҳу зимистон ҷалб намуданд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкатҳои соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки камбудиву норасоиҳои дар соҳа ҷойдоштаро сари вақт бартараф созанд.

Таъкид гардид, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 кишоварзони вилоят ба маблағи беш аз 28 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз зиёд мебошад.

Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вазифадор карда шуданд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта чораҳои таъхирнопазир андешида, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ба хотири ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дар ҳамаи фаслҳои сол бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот беш аз ҳарвақта кӯшиш намоянд.

Зикр карда шуд, ки вилояти Хатлон дорои иқтидори бузурги содироти меваю сабзавот, бахусус, меваю сабзавоти барвақтӣ мебошад.

Ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки доир ба истифодаи самараноки заминҳои корам, таъмин намудани афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, инчунин, бунёди инфрасохтори нигоҳдорӣ, коркард, бастубанд ва содироти маҳсулот мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлатии соҳаҳои иҷтимоии вилоят андешаронӣ намуда, ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазоратҳои дахлдор дастур доданд, ки барои ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда дар бахшҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Пешвои миллат ҳамчунин, падару модарон, устодону омӯзгорон, аҳли зиё ва фаъолонро ваифадор намуданд, ки ба тарбияи наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасоз диққати ҷиддӣ диҳанд ва ба онҳо барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созанд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2024 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.