Тақдими туҳфаҳо ба ятимони кул дар шаҳри Хоруғ

Posted Mon, 10/14/2024 - 10:00
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази хизматрасонии навбунёди “Шоми Хоруғ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Шукурбек Шукурбеков ва Бахтиёр Шукурбеков бунёд гардидааст, бо ятимони кул суҳбат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятими кул, ки аз парасториву меҳрубонии волидайн маҳрум мондаанд, либоси мактабӣ, маводи конселярӣ, шириниҳо ва кӯмаки пулӣ тақдим намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ятимон таҳти таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумат қарор дошта, барои онҳо шароиту имкониятҳои таҳсил ва кору зиндагии хубу шоиста то замони ба воя расиданашон фароҳам оварда мешавад.