Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Wed, 01/24/2024 - 17:37
By shahnavoz

24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2023 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нахуст ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2023  шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, соли 2023 барои мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилиҳои ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвари мо соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.

Ба таъкиди Сарвазири мамлакат дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 130,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,3 фоиз таъмин карда шуд.

Сатҳи таваррум 3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.

Соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 43,2 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.

Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2023-юм 11 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 15,8 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2022-юм 461 млн. кВт. соат зиёд гардид.

Соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 63 млрд. сомониро ташкил дода, суръати рушди он нисбат ба соли 2022 ба 109 фоиз баробар гардид.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.

Дар соли 2023 ба кишвар ба маблағи 29,3 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 4,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ додашуда зиёд гардида,  19 млрд. сомониро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 19,9 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 22,5 фоиз зиёд аст.

Татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 13 млрд. сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки  рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 121 млн тонна бор ва 899,3 млн нафар мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 мутаносибан 16,6 ва 9,8 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2023 ҳаҷми умумии гардиши савдо 56,1 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 13,4 фоиз зиёд аст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2023 ба 21,7 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 14,1 фоиз зиёд мебошад.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2022-юм 13,9 фоиз афзоиш ёбад.

Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 717 адад расида, дар муқоиса ба соли 2022-юм 10 муассиса зиёд мебошад.

Вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2 ҳазору 111 маркази инкишофи кӯдак бо шумораи қариб 69 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст.

Дар соли таҳсили 2023-2024 дар кишвар 3 ҳазору 991 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили қаблӣ 24 муассиса зиёд мебошад.

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 3,3  млрд. сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 26,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад.

Дар соли ҳисоботӣ дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 230 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти қонунгузории андоз, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохту густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешидашуда дар соли 2023 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,8 млрд. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 млрд. 720,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,8%, вилояти Хатлон  105,1%, вилояти Суғд  104,5%, шаҳри Душанбе  104,8% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 100,9% таъмин карда шуд.

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.

Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ҳисобот дод.

Инчунин дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва раиси Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”  Салимзода Алиҷон доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумат Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гузориш дод.

Таъкид гардид, ки эълон намудани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор гузошт.

Соли 2023 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 4,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12,0 фоиз афзоиш ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати татбиқи амалии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирӣ кардани раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус, дар самти коркарди меваю сабзавот ва таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ ва бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ вазифадор намуданд.

Ба Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва роҳбарони ширкатҳои соҳа барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи он аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ва бунёди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Вазири нақлиёт Азим Иброҳим оид ба натиҷаи корҳо дар соли 2023 шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Вазорати нақлиёт якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, истифодаи васеи нақлиёти барқӣ ва роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дастурҳои дигар ба Вазорати нақлиёт оид ба азнавсозии парки воситаҳои ҳаракаткунандаи роҳи оҳан, харидории вагонҳои замонавии мусофирбар, аз ҷумла боркаш  ва локомотивҳо дода шуд.

Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ва директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим, вазъи экологӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ҳисобот доданд.

Вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ, хусусан, дар самти истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, бо дарназардошти вазъи камборишию хушкии имсола яхобмонии саривақтӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани 3 - 4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла тухмии зироатҳои ғалладонагии репродуксияи баланд, инчунин, тухмиҳои ба иқлим мутобиқшуда ва парвариши навъҳои минтақабобгардидаи зироатҳои кишоварзӣ Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд.

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон ва раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳимӣ Фарҳод ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ҳамчунин бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо ва рушди хунармандию косибӣ вазифадор карда шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд, ки соли 2023 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дар ин замина баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда амалӣ гардида, зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нави корӣ ва тайи ду соли охир беш аз 83 ҳазор ҷойи нави корӣ  таъсис дода шуд.

Бо амалӣ намудани чорабиниҳои мақсаднок соли сипаришуда зиёда аз 6 ҳазор бонувон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд ва беш аз 3 ҳазор нафари онҳо аз рӯи ихтисосҳои гуногун курсҳои касбомӯзиро хатм намуданд.

Ба таъкиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 121 фоиз, савдо 112, хизматрасониҳои пулакӣ 120, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 107, боркашонӣ 116 ва мусофиркашонӣ 105 фоиз таъмин гардид.

Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, дар корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин давра ба маблағи 4,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Сохтмон 12 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳрро ташкил намуда, соли сипаришуда дар он беш 5 ҳазору 200 сокинон бо ҷойи корӣ доимӣ ва 16 ҳазор бо ҷойи кории муваққатӣ ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Дар соли 2023 беш аз 550 ҳазор метри мураббаъ ва дар ҳафт соли охир 2,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода супорида шуданд, ки ин дастовард дар даврони соҳибистиқлолӣ бесобиқа буда, нисбат ба 7 соли пеш 2,1 миллион метри мураббаъ зиёд мебошад.

Ҳоло дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту биноҳои таъиноти гуногун идома дорад.

Масъалаҳои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон ва савияи касбии омӯзгорон таҳти ғамхориву дастгирии доимии роҳбарияти шаҳр қарор доранд, иброз доштанд Раиси шаҳри Душанбе.

Соли 2023 дар шаҳр 6 муассисаи таълимӣ барои 10 ҳазору 300 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 410 ҷой сохта, ба истифода дода шуд.

Дар 7 соли охир 42 муассисаи таълимӣ бо 70 ҳазор ҷойи нишаст ва 22 муассисаи томактабӣ барои беш аз 3 ҳазор тарбиятгиранда бунёд гардид.

Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 28 ҳазор ҷойи нишаст ва 55 муассисаи томактабӣ барои 10 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад.

Соли 2024 ба истифода супоридани 5 муассисаи таълимӣ бо 6400 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2023 ҳисобот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии “Солҳои рушди саноат 2022-2026”, ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охири кори маҷлиси васеи Ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои  кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ карданд.