Маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Федератсияи Русия – ордени «Барои хизмат дар назди Ватан»

Posted Wed, 11/22/2023 - 09:32
By shahnavoz

21-уми ноябр дар Қасри Кремл маросими бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доранд, баргузор гардид.

Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи мукофотонии Сарвари давлати мо бо ин нишони давлатии Русия қироат карда шуд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хосси Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин тасмими олии Президенти Федератсияи Русия изҳори сипос намуда, онро, пеш аз ҳама, ба қадрдонии баланди хидматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия мансуб донистанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо равобити байнидавлатии ду кишвар дар руҳияи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила минбаъд низ таъмиқ ва густариш хоҳанд ёфт.