Муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати БДА ВКД дар шаҳри Ваҳдат
25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати Корҳои Дохилӣ дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар саҳни ҳавлӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Рашт шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар шафати Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар масоҳати 1041 метри мураббаъ сохта шуда, майдони зери сохтмони бинои шуъба 805 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод.
Аз рӯйи лоиҳа бино бояд бо таҳхона ва се ошёна бунёд шуда, дар он сохтмони 13 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис, 3 хазина, суратгирхона, толори имтиҳони ронандагон, ҳуҷраи духтур, бойгонӣ, қабулгоҳ, толори хурокхӯрӣ, нуқтаи гармидиҳӣ бо ангишт, таваққуфгоҳ барои мошинҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар назар аст.