Ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар деҳаи Ҳанатароши ноҳияи Муъминобод
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод, дар деҳаи Ҳанатароши ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12- ро ба истифода доданд.
Бинои иловагии таълимӣ барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Иншоот дорои 24 синфхона аст, ки дар онҳо барои илмомӯзии хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар синфхонаҳо дар баробари дарсҳои амалӣ, ҳамчунин бо истифода аз аёниятҳои таълимӣ ба хотири сайқал додани дониши хонандагон дарсҳои назариявӣ гузаронида мешавад. Хусусан ҷиҳати омӯзиши фаннҳои дақиқ дар бинои нави таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, геометрия, физика ва ҷуғрофия ташкил гардидааст, ки дар амалия низ толибилмон таҷрибаву омӯзиш мегузаронанд.
Омӯзиши нозукиҳои кор бо компютер ва малакаи истифодабарии таҷҳизоти муосир дар синфхонаи алоҳидаи таълимӣ, ки он бо хатти баландсуръати интернет пайваст мебошад, роҳандозӣ гардидааст. Чунин имконот дар оянда ба сифати таълиму тарбия таъсири нек расонида, ба мустаҳкам гардонидани савияи дониши хонандагон мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин азхудкунии забонҳои хориҷӣ, ки вориди барномаи таълимиянд, дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад. Дар ин баробар, бинои мазкур дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон аст.
Роҳравҳои барҳаво ва саҳни дохили бинои иловагии таълимӣ мувофиқи талабот бо шиору навиштаҷот, аксу гуфтаҳои шоирону нависандагон ва қаҳрамонҳои миллӣ зебу оро дода шудааст. Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили синфхонаҳо дар назди муассиса системаи алоҳидаи марказонидашудаи гармидиҳӣ бунёд ёфтааст.
Дар маҷмӯъ, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар масоҳати 1,8 гектар замин бунёд ёфта, намои берунаи он бо сабку услуби баланди меъморӣ зебу зинат дода шудааст. Саҳни таълимгоҳ ба пуррагӣ сафолакпӯш гардида, дар саҳни он гулҳои ороишии рангоранг шинонида шудааст. Барои истироҳати омӯзгорону хонандагон дар саҳни бинои иловагии муассисаи таълимӣ нишасткадаҳои замонавӣ сохта шудааст.