ШАШМАҚОМ ШОҲАСАРИ ХАЛҚИ ТОҶИК.

Posted Mon, 07/24/2023 - 16:17
By shahnavoz
Бахтовари Сайфулло

Шашмақом асари безаволи суннатии халқи соҳибфарҳанги тоҷик нишонаи олитарини санъати қадима ва фарҳанги гаронарзиши миллати соҳибхиради тоҷик маҳсуб меёбад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат нисбат ба ҳифзу гиромидошт ва эҳёи таъриху фарҳанг ва санъати қадимаи гузаштагони шарафмандамон тадбирҳои шоёнро руи кор овард.Ин таваҷуҳ ва имкониятҳои шоиста аҳли фарҳанги кишварро водор месозад,ки паи муаррифии санъату фарҳанги асили хеш бошанд.Боиси ифтихор аст,ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Шашмақом ҳамчун шоҳасари мероси шифоҳии мусиқии суннатии тоҷик мақоми давлатӣ гирифт,ки барои мустаҳкамии решаҳои ин жанри қадимаи мусиқии ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад. 11 ноябри соли 2003 дар ҷаласаи 92-юми ЮНЕСКО Шашмақом ба Феҳристи ҳифзи фарҳанги мероси ғайримоддии фарҳанги башарӣ шомил гардида ифтихору шарафи ҳар яки моро афзун намуд ва орзую ормони чандинсолаи ниёгонамон дар самти ҷаҳонӣ намудани ин шоҳасари безаволи мардумӣ амалӣ гардид.Шашмақом шукуҳу шаҳомати бештареро дар худ касб намуд.Шашмақом шунавандаро ба олами зебоӣ роҳнамоӣ менамояд.Ин шоҳасар ақлҳоро тасхир намуда дилҳоро ба шуру шавқ меорад,ба дидагон нуру зиё мебахшад.Ҳамасола дар Тоҷикистони азиз 12 май Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад.Истиқбол аз чунин санаҳои таърихӣ барои мардуми сарбаланди мо боиси ифтихор ва шукргузорӣ аст,зеро маҳз ба василаи Истиқлолияти давлатӣ мо ба чунин рӯзгори нек расидем.Иқдомҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъату фарҳанги мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи намуд.Ҳунармандони мо дар бонуфузтарин саҳнаҳои ҷаҳон санъати мардумиамонро муаррифӣ намуда истодаанд,ки боиси ифтихор аст.Бигзор Шашмақом муттаҳидсозанда ва инъикоскунандаи ҳунари асили миллати тоҷик,шоҳсутуни санъати мардумӣ ҳамеша танинандоз бошад.

ДИРЕКТОРИ МД ТМТ “ШАҲНАВОЗ”

Бахтовари Сайфулло.