Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагии “Ёсуман” дар ноҳияи Мастчоҳ

Posted Thu, 07/13/2023 - 09:15
By shahnavoz

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии “Ёсуман”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти фаъолияти корхонаи дӯзандагии “Ёсуман” духти либоси миллӣ ва мактабӣ буда, аз ҷониби соҳибкори махаллӣ Фазлиддин Ҳасанов таъсис ёфтааст.

Дар ошёнаи якуми бино ду сехи дӯзандагӣ бо 15 ададӣ мошинҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба истифода дода шуд. Дар оянда дар ошёнаи дуюм ду сехи дӯзандагии дигарро омода намуда, дар маҷмуъ дар коргоҳ беш аз 65 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамчунин, дар корхонаи навбунёд барои ҷалби духтарони деҳот ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагию буррандагӣ шароит фароҳам оварда шудааст.