Ба истифода додани роҳи автомобилгарди “Бӯстон-Обшорон-Зарнисор” дар ноҳияи Мастчоҳ
7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад.
Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи роҳсозӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси шартномаи сетарафа байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо харҷи беш аз 75 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи истифодаи солҳои тӯлонӣ ин роҳ фарсуда гардида буд ва он пурра азнавсозӣ карда шуд.
Корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва иншооти марбутаи онро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” бо ҷалби коргарону мутахассисон ва техникаю механизмҳои роҳсозӣ дар муҳлати беш аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расониданд.