Боздид аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истиқлол 30.03.2023

Posted Fri, 03/31/2023 - 10:14
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд, дидан намуданд.

Дар ҷашнвораи наврӯзӣ сокинони шарафманду заҳматпешаи шаҳри Истиқлол бо ифтихори баланди ватандорӣ ва суруру шодмонӣ иштирок намуда, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз самимона таҳният гуфтанд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни кадимаи миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик, таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад, ки ҷавҳари аслии ин ҷашни бостониро саодату хушҳолӣ, ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ ва банёдкорӣ дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву маҳалли зист, кӯчаву хиёбон, шинонидани ниҳол ва коштани донаи умед мебошад.

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ин ҷо хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, ки бозгӯи фарҳанги қадимаи дастархондории миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст, ороста шуд.

Гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро таомҳои миллӣ, аз қабили ғизоҳои бо гиёҳҳои шифобахши баҳорӣ омодашуда зебу зиннат мебахшид. Дар дегҳои алоҳида кадбонувон суманак омода мекарданд, ки он аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз аст.