Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи Созмон ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.
Зимни мусоҳиба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқдомоту талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла дар масъалаҳои тадорукотии баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафҳои асосии пешниҳоди ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 минбаъд ҳар сол таҷлил кардани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, омодагии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023, андашеронӣ карданд.