Иштирок дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”

Posted Fri, 03/24/2023 - 11:06
By shahnavoz

22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорабинии канорӣ “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, ки аз ҷониби ҳамраиси конфронс – Подшоҳии Нидерланд баргузор гардида буд, иштирок карданд.

Иштирокчиён саривақтӣ будани чорабиниро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки вобаста ба вазъи мураккаби захираҳои об зарурати суръатбахшии амалҳо ва тағйир додани муносибат ба ин захираҳои бебаҳо пеш омадааст.

Таъкид карда шуд, ки захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши назаррас доранд ва тавассути он дар соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ба шуғли аҳолӣ мусоидат карда мешавад.