Кумаки башардӯстона ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон

Posted Fri, 12/02/2022 - 17:03
By shahnavoz

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд.

Вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафати ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемилогӣ ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табии дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардида, дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.

Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушӯйӣ дар ҳаҷми наздик ба 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 ҳазор дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда, маблағи 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи дастури Пешвои миллат сохторҳои дахлдори мамлакат барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.