«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
5-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва супоридани Шоҳҷоизаю ҷоизаҳо ба ғолибони озмун бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо пешниҳоди барномаи фарҳангию ҳунарӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи панҷ номинатсия ғолибон, аз ҷумла дар номинатсияи «навозандагӣ» жанри анъанавӣ Фазлиддин Одинаев, номинатсияи «сарояндагӣ» Хусрав Ҳабибов, номинатсияи «композиторӣ» Манучеҳр Бурҳонов, номиантсияи «санъати тасвирӣ» Муҳаммадҷон Ҳикматзода ва номиантсияи «дизайн» Наргис Саидова соҳиби Шоҳҷоиза шуданд.
Дар даври ниҳоии озмун зиёда аз 500 нафар иштирок намуда, ғолибон ва устодони онҳо бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо ва аҳли фарҳанг иштирок намуданд.
Тавре муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Бо итминон метавон иброз намуд, ки озмун давоми солҳои 2019-2022 намунаҳои беҳтарини ҳунари асилро аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ба ҳам оварда, истеъдодҳои зиёдеро дар фазои фарҳангии мамлакат кашф намуд.
Тазаккур дода шуд, ки имсол низ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз нав ба тасвиб расид.
Дар соли ҷорӣ озмун аз рӯйи 5 номинатсия – «композиторӣ», «сарояндагӣ», «навозандагӣ», «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» гузаронида шуда, номинатсияҳои «санъати тасвирӣ» ва «дизайн» бори аввал баргузор шуданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои «санъати тасвирӣ» (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), «ороиши амалӣ» (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), «дизайни графика», «реклама», «дизайни дохили бино», «дизайни мӯд» ва «бофандагии бадеӣ» иштирок намуданд.
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз 10 май оғоз гардида, 16 июни соли 2023 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст карда шуд.
Ҷамъбасти даври якуми озмун ба тариқи зайл доир шуд:
1. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 640 довталаб иштирок намуда, ба даври дуюми озмун 342 нафар (108 нафар аз 18 то 40-сола ва 234 нафар аз 12 то 17-сола) роҳхат гирифтанд;
2. Дар вилояти Хатлон 1021 довталаб дар озмун иштирок намуда, 706 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 484 нафар аз 12 то 17-сола, 222 нафар аз 18 то 40-соларо ташкил медиҳанд.
3. Дар вилояти Суғд 1128 довталаб иштирок намуданд, ки ба даври дуюми озмун 459 нафар (193 нафар аз 18 то 40-сола ва 266 нафар аз 12 то 17-сола) роҳхат гирифтанд;
4. Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 518 нафар (Сино — 115 нафар, Исмоили Сомонӣ — 167, Шоҳмансур — 134, Фирдавсӣ — 102 нафар) довталаб иштирок намуданд, ки ба даври дуюми озмун 253 нафар (115 нафар аз 18 то 40-сола ва 138 нафар аз 12 то 17-сола) роҳхат гирифтанд;
5. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1135 нафар (Турсунзода-270, Шаҳринав — 80, Ҳисор — 120, Варзоб — 65, Рӯдакӣ — 154, Ваҳдат — 72, Файзобод-82, Роғун – 114, Нуробод-52, Сангвор- 23, Рашт -57, Тоҷикобод -22, Лахш 24) довталаб иштирок намуда, 318 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин теъдод 211 аз 12 то 17-сола ва 107 нафар аз 18 то 40-сола мебошанд.
Ҳамагӣ дар даври якуми озмун 4442 довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2078 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1068 нафар зиёд мебошад.
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи ҷадвали тасдиқшуда, 18 август оғоз гардида, то 25 августи соли 2023 дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияи Рашт, шаҳри Ҳисор) аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст карда шуд.
Ҷамъбасти даври дуюми озмун ба тариқи зайл доир шуд:
1. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 326 довталаб иштирок намуд, ки ба даври сеюми озмун 91 нафар, аз ин шумора 39 нафар аз 18 то 40-сола ва 52 нафар аз 12 то 17-сола роҳхат гирифтанд;
2. Дар вилояти Хатлон 706 довталаб дар озмун иштирок намуда, 115 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 50 нафар аз 12 то 17-сола ва 65 нафар аз 18 то 40-соларо ташкил медиҳанд.
3.Дар вилояти Суғд 459 довталаб иштирок намуданд, ки ба даври сеюми озмун 115 нафар, аз ҷумла 57 нафар аз 18 то 40-сола ва 58 нафар аз 12 то 17-сола роҳхат гирифтанд;
4. Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 223 довталаб иштирок намуданд, ки ба даври сеюм озмун 108 нафар, аз ҷумла 63 нафар аз 18 то 40-сола ва 45 нафар аз 12 то 17-сола роҳхат гирифтанд;
5. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 241 довталаб иштирок намуда, 91 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин теъдод 56 нафар аз 12 то 17-сола ва 35 нафар аз 18 то 40-сола мебошанд.
Ҳамагӣ дар даври дуюми озмун 1955 довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 520 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҳамасола бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад.