Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted Sat, 09/09/2023 - 16:07
By shahnavoz

Ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:

“Ҷаноби Олӣ

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолият ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии худро мерасонам.

Аз камбизоатӣ ва нобаробарӣ то муноқишаҳои хушунатомез ва тағйирёбии иқлим, мушкилоте, ки ҷаҳони мо рӯ ба рӯ мешавад, амалҳои дастаҷамъонаро  дар ҳамбастагӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ тақозо мекунад.

Ояндаи беҳтар аз ҳар як кишвар тақозо мекунад, ки берун аз марзҳои миллии худ нигоҳ кунад ва талошҳоро барои пешбурди сулҳ, ҳуқуқи инсон, шукуфоӣ ва рушди устувор барои ҳамаи одамон, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунад, дастгирӣ намояд.

Созмони Милали Муттаҳид бо тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили рӯзи махсуси шумо ҳамроҳ мешавад ва аз идомаи ҳамкории минбаъдаи худ барои таъмини ояндаи беҳтар, солимтар ва бехатари одамон ва сайёра умедвор аст.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед”.

Дар табрику таҳнияти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ чунин омадааст:

“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ассалому алайкум,

Фаро расидани солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Муштаракоти фарҳангӣ, таърихӣ, забонӣ, пайвандҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои олирутба нақши қобили таваҷҷуҳе дар густариш ва идомаёбии ҳамкориҳои дуҷониба доштааст.

Умедворам, дар партави талошҳои муштарак беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобит миёни ду кишвар дар ростои манфиатҳои мутақобил, рушду тавсеа ва амнияти минтақавию байналмилалӣ бошем.

Аз Худованди мутаъол саломатӣ ва муваффақияти Шумо ва беҳрӯзию саодати миллати шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб дорам”.

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:

“Муҳтарам Президент,

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсту бародари Тоҷикистонро шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Туркия бо самимонатарин таманниёт муборакбод мегӯям.

Тамоми пешравиҳои Тоҷикистонро, ки тӯли давраи соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳо ба даст овардааст, мо бо камоли хушнудӣ пайгирӣ намуда, хоҳони пойдор мондани ин равнақи рӯзафзун ҳастам.

Боварии комил дорам, ки муносибату ҳамкориҳои мо, ки аз пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ нерӯ мегиранд, дар ростои рифоҳ ва манфиати тарафайни мардумонамон боз ҳам қавитар мегарданд.

Бо истифода аз ин фурсат беҳтарин таманниёти хешро баҳри тансиҳативу хушбахтии Ҷаноби Олӣ ва беҳбудиву осудаҳолии мардуми дӯсти Тоҷикистон таҷдид менамоям”.

Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр зимни табрикоти худ овардааст:

“Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Дар рӯзи Ҷашни миллии давлататон иҷозат фармоед, ба Ҷаноби Олӣ табрикот ва таманниёти беҳтарини худро бобати некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бирасонам”.

Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ зимни табрикоти худ овардааст:

“Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Иҷозат фармоед, Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Арабии Миср ва аз номи худам ба муносибати рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Шумо сиҳату саломатӣ, муваффақиятҳои бардавом ва инчунин пешравию беҳбудии минбаъда ба кишваратон орзу намоям.

Ба ин муносибат мехостам равобити мустаҳками таърихиеро, ки ду кишварамонро ба ҳам мепайванданд, кадрдонӣ намуда, изҳори умедворӣ намоям, ки дар солҳои оянда Миср ва Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо тавассути ҳамкориҳои густурда ба манфиати неки ду мардуми бародар баҳра хоҳанд бурд.

Лутфан, муҳтарам ҷаноби Президент, эҳтиром ва миннатдории маро қабул намоед”.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худам ба Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрикоти самимӣ мерасонам.

Тоҷикистон дар ҳамсоягии Ҳиндустон ҷойгир буда, бо мо дар тӯли беш аз ду ҳазорсола робитаҳои муштараки фарҳангӣ, забонӣ ва тамаддунӣ дорад. Ин раванд тариқи рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими риштаҳои дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми байни мардумони ду кишвар боз ҳам мустаҳкамтар гардидааст.

Ҷаноби Олӣ, бо истифода аз фурсати муносиб, беҳтарин таманниёти худро ба Шумо иброз намуда, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед”.

Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

“Муҳтарам ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии маро ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Тайи солҳои охир мамлакатҳои мо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ барқарор намуданд. Ман ба рушди минбаъдаи онҳо, инчунин ба таҳкими мубодила ва дӯстии байни ҳалқхоямон умед дорам.

Ба Шумо аз самими қалб тансиҳатӣ ва саодат ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуфоии бардавом орзумандам”.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ироқ Доктор Абдулатиф Ҷамол Рашид чунин омадааст:

“Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Боиси хушнудист, ки аз номи мардуми Ироқ ва шахсан аз номи худам ба Шумо Ҷаноби Олӣ ба муносибати Рӯзи Истиқлоли кишваратон табрикоти самимӣ иброз дошта, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту сарбаландиро таманно мекунам.

Бо истифода аз ин муносибати нек ҳавасмандии ин ҷонибро ҷиҳати тақвияти муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар ва ду мардуми ба ҳам дӯст дар тамоми арсаҳо иброз медорам”.

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Викрамасингҳе дар табрикоти худ гуфтааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният аз номи Ҳукумат ва мардуми Шри Ланка ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринамро ба муносибати Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамоям.

Мутмаинам, ки робитаҳои қавии дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкорӣ миёни ҳарду кишварҳоямон минбаъд низ густариш ёфта, дар ҷодаи таъмини некуаҳволӣ ва шукуфоии мардумонамон дар солҳои оянда саҳмгузор хоҳанд буд.

Хоҳишмандам, изҳори ғояти эҳтиром ва орзуҳои маро баҳри саломатӣ, хушбахтӣ ва рифоҳи шахсии Шумо, инчунин таманниёти пешрафти босубот ва шукуфоии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед”.

Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос зимни табрикоти худ овардааст:

“Ҷаноби Олӣ, бародар Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Худо ҳифзашон кунад.

Бо арзи салом,

Боиси хушнудист, ки Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро аз номи Давлати Фаластин, мардуми он ва аз номи худам ба муносибати таҷлили ҷашни пуршарафи Истиқлолият аз самими қалб табрику таҳният намоям.

Умедворем, ки ин ҷашни миллӣ бароятон саломатӣ, саодатмандӣ ва комёбӣ оварад ва кишвару мардуми Тоҷикистон ба пешрафту шукуфоии бештар ноил гарданд.

Тамоюли худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳоямон дар асоси дӯстӣ ва ҳамкорӣ баён намуда, ба мавқеи Шумо нисбат ба мардуми Фаластин ва қазияи одилонаи он баҳои баланд медиҳам.

Ҷаноби Олӣ, эҳтиром ва муҳаббати бепоёни бародаронаи моро бипазиред”.

Дар паёми шодбошии Подшоҳи Белгия Филипп омадааст:

“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Таҷлили Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароям имкон медиҳад, ки ба Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон табрикот ва таманниёти саодатмандию шукуфоиямро бирасонам”.

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз номи Подшоҳи Испания Филиппи VI,  Президенти Гурҷистон Саломе Зурабашвилӣ, Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Эммерсон Дамбудзо Мнангагва, Раиси Шӯрои давлатӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянмар Мин Аун Хлайн, Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Ноиби Амир ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ва Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо ворид гардиданд.

Воридшавии паёмҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.