Суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
08.09.2023 09:20, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!
Ҳозирини гиромӣ!
Ин лаҳзаҳо тамоми мардуми шарифи тоҷик дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 32-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, ки дар таърихи навини кишварамон санаи муҳимтарину сарнавиштсоз мебошад, қарор доранд.
Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он муяссар гардиданд.
Мо имрӯз, ҳамчунин, яке аз санаҳои таърихӣ – 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошанд, ботантана ва бо шукрона аз давлати соҳибихтиёрамон таҷлил менамоем.
Ба ифтихори ин ду ҷашни бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шумо – афсарону сарбозони диловари Ватанро, ки ҳоло дар ин майдон саф оростаед, самимона табрику шодбош мегӯям.
Расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аввалин чорабиние мебошад, ки бо иштироки ҳомиёни Ватан дар майдони «Истиқлол»-и пойтахти мамлакат баргузор мегардад.
Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои расидан ба ормони ҳазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи даҳшатбор ва бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.
Вале мардуми кишвари мо ба шарофати хиради азалии худ ва бо азму иродаи қавӣ аз он имтиҳони фоҷиабор гузаштанд ва ба аҳли башар нишон доданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд, Ватани хешро аз ҳар гуна мушкилоту озмоишҳо раҳоӣ бахшанд ва онро ободу пешрафта гардонанд.
Дар чунин давраи ниҳоят ҳассосу пурошӯб ва тақдирсози таърихи миллат, яъне дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон фарзандони содиқи Ватан – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати барҷаста анҷом доданд ва садоқати худро ба миллат ва давлат ба исбот расониданд.
Дар ин лаҳзаҳои идона мехоҳам иброз намоям, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияту осоиш ба шарофати матонату ҷасорат ва фидокориву ҷонбозиҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шуд ва мо ба чунин рӯзҳои нек расидем.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, ба ҳар як сарбозу афсари Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи собиқадорони муҳтарами ҷузъу томҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.
Мардуми сипосгузори Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни кишвар ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор мекунанд ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медоранд.
Дар баробари ин, мардум ва давлати Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоятгарони оромӣ, субот, амният, манфиатҳои милливу давлатӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакатро мебинанд.
Эътимоди давлат ва умеди мардум хизматчиёни ҳарбии тамоми ҷузъу томҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор месозад, ки дар навбати аввал, намунаи риояи қонунияту тартибот ва интизоми ҳарбӣ бошанд, сатҳи касбият ва омодагии ҷангии худро мунтазам баланд бардоранд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва бо дарназардошти вазъи мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии мамлакат амалӣ карда истодааст.
Боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон, ташкили инфрасохтори муосир ва дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома дода мешавад.
Зеро вазъияти минтақа ва ҷаҳон талаб мекунад, ки мо ба ҳалли ин масъалаҳо эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир намоем.
Торафт вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ ва радикалӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва илова бар ин, мусаллаҳшавии бошитоб ва шиддат гирифтани «ҷанги сард» имрӯзҳо сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.
Фаромӯш накунед, ки Ватан нангу номус ва шарафу иззати инсониву ҷавонмардии ҳар яки шумо мебошад.
Коршиносон пешгӯйӣ мекунанд, ки эҳтимоли шиддати бештар пайдо кардани чунин вазъият дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда вуҷуд дорад.
Роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро зарур аст, ки дар шароити бавуҷудомада ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Шумо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки хизмат ба Ватан – хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки шумо бояд Ватанро баробари ҷони худ, мисли модар ва фарзандони худ дӯст доред, онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз кунед.
Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки аз мухолифату нооромӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳисороти бузурги ҷониву моддӣ дидааст, ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ дар тамоми ҷаҳон, зиндагии бидуни ҷанг ва танҳо бо роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъ мебошад ва ин мавқеи худро борҳо эълон кардааст.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар сурати таъмин будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имкон дошта метавонад.
Бовар дорам, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба савганди ҳарбӣ, ба давлат, миллат ва Ватани худ минбаъд низ содиқ монда, вазифаҳои бадӯшдошта ва рисолати муқаддаси хеш, яъне ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва зиндагии орому осудаи халқи азизи кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд.
Бори дигар тамоми мардуми сарбаланди тоҷик, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 32-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон осоишу иқболи нек, ба афсарону сарбозони далери Ватан саломатӣ ва иродаи матини ҷавонмардона орзу менамоям.
Пояндаву ҷовидон бод истиқлолу озодии Тоҷикистон!
Шараф ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол!