"ШАРОРАИ ХОТИРАҲО" САЙДАЛӢ ВАЛИЗОДА

Posted Fri, 06/12/2026 - 16:02
By shahnavoz

Сайдалӣ Вализода яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёт ва фарҳанги тоҷик буда, ҳамчун шоир, сароянда, оҳангсоз ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон шинохта мешавад. Сайдалӣ Вализода 10 октябри соли 1900 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро асосан ба таври худомӯзӣ гирифтааст.
Аз овони ҷавонӣ ба шеъргӯӣ ва сарояндагӣ шавқ дошт. Аввалин шеърҳои ӯ дар солҳои аввали асри XX эҷод шудаанд. Эҷодиёти ӯ бештар ба мавзӯъҳои меҳнат, дӯстӣ, ватандӯстӣ, сулҳ, зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа бахшида шудааст.
Дар солҳои 1936–1938 ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Кӯлоб буд. Дар ин давра бо адибони машҳури тоҷик, аз ҷумла Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода ҳамкорӣ кардааст.
Осори мондагори Ӯ ;
«Таронаҳо» (1949) «Ҳофизи Ватан» (1952) «Дар водии меҳнат» (1955) «Ду додарон» (1960) «Шеърҳо ва достонҳо» (1965) «Ошиқи баҳор» (1970) «Пайванди ҷон) ва суруду оҳангҳои зиёди мондагор мебошад.
Дар осораш заҳмати мардум, муҳаббат ба Ватан, дӯстии халқҳо ва арзишҳои инсондӯстона васф шудаанд .
Сайдалӣ Вализода 12 декабри соли 1971 дар шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшид. Ба хотири хизматҳои арзандаи ӯ Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлобро ба номи Сайдалӣ Вализода гузоштанд. Дар Кӯлоб хона-музейи Сайдалӣ Вализода фаъолият мекунад. Соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода мавриди истифода қарор гирифт.
Сайдалӣ Вализода дар таърихи адабиёт ва санъати тоҷик ҳамчун шоири халқӣ, ҳофизи хушовоз ва тарғибгари фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хос дорад. Осори ӯ то имрӯз дар байни дӯстдорони адабиёт ва мусиқии тоҷик маҳбубият дорад.