ПАРДАБАРДОРӢ АЗ НИМПАЙКАРАИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДАР БРИТАНИЯ
Дар шаҳри Лондон барномаи илмӣ- фарҳангӣ зери унвони "Рӯдакӣ- падари шеър форсӣ, дарӣ/тоҷик" дар донишгоҳи SOAS аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Британия баргузор шуда, дар доираи ин барнома пардабардорӣ аз нимпайкпраи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ анҷом дода шуд.
Дар оғоз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир - Рухшона Эмомалӣ ба барнома ҳусни оғоз бахшида, ду нафар аз профессорони донишгоҳи SOAS суханронӣ намуда, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ карданд.
Сипас суханронии президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон, Дагихудо 8
Дагиев, Отамбек Мастибеков, Гулсифат Шаҳидӣ, Фирӯза Абдуллоева- Мелвилл, инчунин корманди донишгоҳи SOAS Наргис Фарзод ва Ҷеймс Вайт аз Оксфорд перомуни корнома ва шахсияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан карданд ва осори шоирро ироа карданд.
Бояд гуфт, ки дар таърихи дипломатия ва фаъолиятҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин барномаи таъсир гузор аст, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи SOAS дар Лондон баргузор гардид. Дар барнома, ки дар театри "Brunei gallery lecture" баргузор шуда буд, теъдоде аз алоқамандон ва донишҷуёни забони форсӣ аз саросари Биритониё ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни барнома ҳунармандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Амонқулова, Хуршед Иброҳим ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакиро хонданд, ки мавриди истиқболи ҳозирон қарор гирифт.